Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Саҳифаи аслӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Мақолаи баргузида

Ибни Сино

Муҷассамаи Ибни сино дар назди қароргоҳи СММ
Муҷассамаи Ибни сино дар назди қароргоҳи СММ

Абӯалӣ Ҳусайн ибни Абдуллоҳ ибни Сино ё Ависенна, машҳур ба Абӯалӣ Сино (форсӣ: ابوعلى سينا; (16 августи соли 980, деҳаи Афшана наздики Бухоро18 июни соли 1037, Ҳамадон) — яке аз бузургтарин донишмандон ва пизишкони замони худ аст. Ҳамчунин ахтаршинос (астроном), кимиёшинос (химик), геолог, мантиқ, палеонтолог, риёзишинос (математик), табииётшинос (физик), шоир, равоншинос (психолог), файласуф, муаллим ва адиби бузурги форсу-тоҷик.

Вай беш аз 450 рисолаи илмӣ навиштааст, ки то замони мо танҳо 240-то аз он маҳфуз мондаанд. Ин рисолаҳо тамоми соҳаҳои илмро фароҳам гирифта, хусусан, 150-тояшон дар илми фалсафа ва беш аз 40-тои дигар дар илми пизишкӣ ҳастанд. Маъруфтарин асарҳои ӯ китобҳои "Ал-Шифо" ва "Қонун" ҳастанд, ки аз бузуртарин донишномаҳои илмӣ ва фалсафии ҷаҳон буда ва дар донишгоҳҳои Аврупо то асри 19 истифода бурда шудаанд.

Абӯалӣ Сино дар рушди илми тибсаҳми бениҳоят арзандае гузоштааст, ки аз таҷрибаҳои худ, илми пизишкии олими грек Гален, метафизикаи Арасту (Сино яке аз шарҳдиҳандагони асосии Арасту буд), илми пизишкии Форс, Байнаннаҳрайн ва Ҳинди қадима сарчашма гирифта, онҳоро ҳамҷоя андӯхтааст. Сино ҳамчу падари тибби замонавӣ ва фармакологияи клиникӣ ба ҳисоб меравад.

Вай боз асосгузори мантиқи Синоӣ, мактаби фалсафии Синоӣ аст. Ӯ ҳамчу падари мафҳуми фундаменталии физикии моменти ҷисм низ маъруф аст. Вайро ҳамчунин "падари геология" низ мешиносанд, ки дар қонуни суперпозицияи геологӣ саҳми арзанда гузоштааст.

Мақолаи хуб

Абунасри Форобӣ

Тасвири Абунасри Форобӣ дар маркаи Эрон
Тасвири Абунасри Форобӣ дар маркаи Эрон

Абунаср Муҳаммад ибни Муҳаммади Форобӣ (форсӣ: ابونصر محمد بن محمد فارابی), маъруф ба — Ал-Форобӣ (ар. الفارابي, дар шакли лотинишуда — Alpharabius; 870 ё 872, Фороб, Қазоқистони кунунӣ — мобайни 14 декабри 950 и 12 январи 951, Димишқ, Сурияи кунунӣ) — файласуф, риёзидон, мусиқишинос ва донишманди машриқзамин. Яке аз бузургтарин намояндагони фалсафаи шарқи асримиёнагӣ. Абӯнаср Муҳаммад ибни Муҳаммад ибни Тархон ибни Узлағи Форобӣ дар ҳудуди соли 257 ҳиҷрии қамарӣ (870 милодӣ) дар Фороби Хуросон (Қазоқистони кунунӣ) ба дунё омадааст. Дар ҷавонӣ барои таҳсил ба Бағдод рафт ва назди Матто ибни Юнус ба фаро гирифтани мантиқ ва фалсафа пардохт. Сипас ба Ҳаррони Сурия сафар кард ва ба шогирдии Юҳанно ибни Ҳилон даромад. Аз оғози кор, ҳуши саршор ва илмомӯзии вай сабаб шуд, ки ҳамаи мавзӯъҳоеро, ки тадрис мешуд, ба хубӣ фаро бигирад. Ба зудӣ номи ӯ ба унвони файласуф ва донишманд шӯҳрат ёфт. Ва чун ба Бағдод бозгашт, гурӯҳе аз шогирдон гирди ӯ ҷамъ омаданд, ки Яҳё ибни Адий, файласуфи масеҳӣ яке аз онон буд. Дар соли 330 ҳиҷрии қамарӣ (941 милодӣ) ба Димишқ рафт ва ба Сайфуддавлаи Ҳамадонӣ, ҳокими Ҳалаб пайваст ва дар зумраи уламои дарбори ӯ даромад.

Форобӣ аз рӯи маълумоти Ибни Халлиқон дар соли 950 - 951 дар Димишқ дар синни 80-солагӣ  дунёро падруд ва дар қабристони «Бобу-с-сағир» дар даврони салтанати Сайфуддавла бо шукӯҳу қадрдонӣ ба хок супорида шудааст.

Аз мақолаҳои нав

Оё медонед?

Аз мақолаҳои нави Википедия:

Рӯйдодҳои кунунӣ

Мавзуъоти муҳим
Маошу нафақа ва стипендия дар соли 2026 аз 20 то 25 дарсад боло мераванд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи эътирофномаи Донишгоҳи сулҳи Созмони Милали Муттаҳид сарфароз гардонида шуд
Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаеро қабул кард, ки бо ташаббуси Тоҷикистон пешниҳод шуда, солҳои 20272036-ро «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» эълон менамояд
Дар ш. Душанбе фаъолияти Радиои «Сафина»; Ифтитоҳи Муассисаи давлатии «Варзишгоҳи миллӣ» ва Театри миллии Тоҷикистон баргузор гардид
  • 26 май — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи эътирофномаи Донишгоҳи сулҳи Созмони Милали Муттаҳид сарфароз гардонида шуд.[11][12]
  • 25 июн — Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаеро қабул кард, ки бо ташаббуси Тоҷикистон пешниҳод шуда, солҳои 20272036-ро «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» эълон менамояд.[13][14]

Эзоҳ

  1. Осорхона, саҳни тамошо ва кинотеатри 5D. Маҷмааи "Истиқлол" чиро дар бар мегирад?(тоҷ.). www.asiaplustj.info/tj/ (10 сентябри 2022). 21 сентябри 2022 санҷида шуд.
  2. 1 2 Радиои «Сафина» ба фаъолият оғоз мекунад(тоҷ.). Pressa.tj.
  3. 1 2 Пахши мустақими Радиои «Сафина»(тоҷ.). Сомонаи расмии МД «Телевизиони Сафина».
  4. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Варзишгоҳи миллиро бо 30 ҳазор ҷойи нишаст дар шаҳри Душанбе ифтитоҳ намуданд(тоҷ.). АМИТ «Ховар». АМИТ «Ховар» (21 августи 2026). 27 августи 2026 санҷида шуд.
  5. Ҷоизаи байналмилалии Президенти Тоҷикистон дар соҳаи об — василаи таҳкими дипломатияи об дар ҷаҳон(тоҷ.). khovar.tj (22 августи 2026).
  6. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон(тоҷ.). president.tj (22 августи 2026).
  7. Ифтитоҳи Театри миллии Тоҷикистон(тоҷ.). ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН (24 августи 2026). 25 августи 2026 санҷида шуд.
  8. Иштирок дар Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал: «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028»(тоҷ.). president.tj (26 май 2026).
  9. Суханронӣ дар Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал: «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028»(тоҷ.). president.tj (26 май 2026).
  10. АМИТ «Ховар»(тоҷ.). khovar.tj (26 май 2026).
  11. Сарфарозгардонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоиза – эътирофномаи Донишгоҳи сулҳи СММ(тоҷ.). president.tj (26 май 2026).
  12. АМИТ «Ховар»(тоҷ.). khovar.tj (26 май 2026).
  13. International Decade of Strengthening of Peace for Future Generations 2027–2036(англ.). United Nations (25 June 2026).
  14. General Assembly: 93rd plenary meeting, 80th session(англ.). United Nations (25 June 2026).
  15. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Варзишгоҳи миллиро бо 30 ҳазор ҷойи нишаст дар шаҳри Душанбе ифтитоҳ намуданд(тоҷ.). АМИТ «Ховар». АМИТ «Ховар» (21 августи 2026). 27 августи 2026 санҷида шуд.
  16. Ҷоизаи байналмилалии Президенти Тоҷикистон дар соҳаи об — василаи таҳкими дипломатияи об дар ҷаҳон(тоҷ.). khovar.tj (22 августи 2026).
  17. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон(тоҷ.). president.tj (22 августи 2026).
  18. Ифтитоҳи Театри миллии Тоҷикистон(тоҷ.). ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН (24 августи 2026). 25 августи 2026 санҷида шуд.

Ҳамкориҳои ҳафта